Рӯзҳои 10-11 декабри соли 2018 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ таҳти роҳбарии Муминзод Абдулмаҷид Мубин – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юлина Дрэгэлин – котиби давлатии Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволди давлатии ҶТ, зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист, рушди минтақаҳо, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ Тарафҳо зарурати мувофиқасозӣ ва қабули Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова барои солҳои 2019-2021-ро муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин ба созиш расиданд, ки бо мақсади густариши бештари ҳамкориҳо заминаи шартномавӣ ҳуқуқиро дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сайёҳӣ, варзиш, нақлиёт ва фарҳанг тақвият хоҳанд бахшид.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа тарафҳо Протоколи дахлдор ба имзо расониданд.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистӣону Молдова ҳамагӣ ҳудуди 1,2 млн. долларро ташкил додааст, ки маблағи содироти мол аз Тоҷикистон ба Молдова ба беш аз 740 ҳазор доллар ва воридоти маҳсулот аз Молдова ба Тоҷикистон ба наздики 444 ҳазор доллар баробар аст.
Қобили зикр аст, ки Молдова яке аз кишварҳои хориҷи наздик (дар баробари Ӯзбекистон) мебошад, ки Тоҷикистон бо он тавозуни мусбати савдо дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста