Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳоди тахфифҳо (камшавии нарх)-ро барои транзит тариқи роҳи оҳан дар соли равон баррасӣ намуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти идораи роҳи оҳани Ӯзбекистон, чанде қабл, санаи 24 январ дар шаҳри Тошканд дидору гуфтушуниди раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ӯзбекистон темир йулларӣ” баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ бо мақсади рушди пайвастаи муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин таҳкими ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд барпо гардидааст.
“Дар мулоқот ба масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақли бору мусофирон ва афзоиши ҳаҷми боркашонии транзитӣ бар асоси қарордод таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҳамчунин масъалаи тахфифҳои пешниҳодмешудаи дуҷониба дар соли 2019 низ баррасӣ шуд”, - омадааст дар хабар.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ҳар кадоме аз тарафҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми кашонидани бору мусофирон тариқи роҳи оҳан имконоти нав фароҳам меорад. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои пешбинишуда ҳамаҷониба барррасӣ ва роу воситаҳои амалишаваии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Таъкид мешавад, ки аз лиҳози мавқеи геостратегӣ Ӯзбекистон шарики муҳими транзитӣ шуморида шуда, аз ин рӯ, ин барои кишвар ҷиҳати ишғоли ҷойгоҳи арзанда дар муомилоти моли дуҷониба, иштирок дар равандҳои воридоту содироти молу маҳсулот, ҳамчунин рушд ва роҳандозии робитаҳои байнулмилалӣ бо кишварҳои ҳамсоя шароити мусоид муҳайё мекунад.
Қайд мешавад, ки соли 2018 байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба як қатор хизматгузориҳо оид ба боркашонӣ, аз ҷумла тахфифҳо ба ҳамлу нақли воридоту содирот, имтиёзҳо ҷорӣ шуданд. Ҳамзамон барои равуои мусофирон низ тариқи роҳҳои оҳани ҳарду кишвар шароитҳои бештар бароҳат фароҳам гардиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди мазкур байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста