Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон ният дорад, ки имсол интиқоли гази табииро аз Ӯзбекистон 4 баробар зиёд кунад.
“Мо имсол аз Ӯзбекистон то 200 млн. метри мукааб гази табиӣ хариданием”, - гуфт муовини роҳбари ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода зимни нишасти хабарӣ.
Ӯ қайд кард, ки байни ширкатҳои тақсимоти гази кишварҳо дар ин хусус созиши усулӣ ҳосил шуда, айни замон ҷузъиёти созишнома баррасӣ ва сипас он ба имзо хоҳад расид.
Намояндаи “Тоҷиктрансгаз” хотиррасон намуд, ки интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя баъди танаффуси қариб шашсола моҳи апрели соли гузашта барқарор шуда, соли 2018 аз Ӯзбекистон ба кишвар ҳудуди 54 млн. метри мукааб газ интиқол дода шудааст.
Бино ба гуфтаи номбурда, айни замон беш аз 20 корхонаҳо, аз ҷумла Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бо гази воридотӣ таъмин гардида, шумори истеъмолгарон ҳар моҳ меафзояд.
Зимнан зикр шуд, ки то имрӯз қубурҳои интиқоли фишори баланд пурра барқарор ва корҳои таъмиру барқарорсозии қубурҳои фишори миёна ҷараён дошта, таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ аз Ӯзбекистон танҳо баъди таъмиру барқарор кардани қубурҳои фишори паст оғоз мегардад.
“Вазъи молиявии “Тоҷиктрансгаз” алҳол ба таъмири танҳо он зербиное имкон медиҳад, ки дар тавозуни худи корхона аст”, - иброз дошт Шоимов.
Муовини роҳбари корхона илова намуд, ки қубурҳои интиқоли газе, ки дар тавозуни “Тоҷиктрансгаз” нестанд, аз ҳисоби истеъмолгарон таъмиру барқарор мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста