Соли равон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз буҷет ҷудо шудани 2,1 млрд. сомонӣ (беш аз 222 млн. доллар) маблағ пешбинӣ шудааст.
Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт ҳамчунин оид ба ҷалби захираҳои имтиёзии ниҳодҳои молиявии байнулилалӣ низ корҳо роҳандозӣ шудаанд.
Вазири молия қайд кард, ки соли гузашта ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз ҳамаи сарчашмаҳо 4,7 млрд. сомонӣ маблағ равона гардид.
Аз ҷумла, таъкид дошт ӯ, 3,4 млрд. сомонӣ аз буҷет ҷудо шуда, маблағи боқимонда воситаҳои ҷалбшуда аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок (евробонд) дар бозорҳои байнулмилалии молӣ мебошанд.
Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун дар назар аст.
“Чанде пеш мо бо рафти корҳои сохтмон дар нерӯгоҳи Роғун шинос шудем. Корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ҷараён доранд”, - илова намуд ӯ.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумони кишвар қайд кард, ки аз оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ин иншоот аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 млрд. сомонӣ азхуд шудааст.
Сарвари давлат зикр кард, ки соли 2019 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун 4 млрд. сомонӣ маблағ равона гардида, он ба мавриди истифода қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳ имкон медиҳад.
Агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт. Дар марҳилаи аввал агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор мекунад, яъне дар як соат ба ҳисоби миёна 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад.
Қобили зикр аст, ки то охири соли гузашта дар агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун беш аз 90 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд.
Ба сурати умум баландии сарбанди нерӯгоҳи Роғун то ба 335 метр расонида шуда, сохтмони иншоот соли 2033 пурра ба анҷом мерасад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста