Умед Абдураҳмонов, директори генералии кохи ҷавоҳироти Тоҷик Кристал 5 март меҳмони барномаи мустақими “Сарфагари оташдон”-и Радиои “Азия - Плюс” шуд ва дар бораи ҷавоҳирот чанд маслиҳати муфид дод.
Ӯ гуфт, ки ҳамаи тиллои ба кишвар воридгардида дар вазорати молия сабт мешавад. Инчунин, барои ҳар як ҷавоҳирот сертификат гирифта шуда, дар он муҳри махсус (маҳак ё “проба”) гузошта мешавад.

“Вақти харидорӣ ҳар кас метавонад сертификати ҷавоҳиротро талаб намояд”,- гуфт Умед Абдураҳмонов.
Инчунин ӯ зикр кард, ки нархи тилло дар биржаи Лондон муқаррар мегардад ва соли 2012 нархи он афзоиш ёфта, аммо ҳоло каме поён фаромадааст.
- Дар Тоҷикистон чӣ гуна арзиши ҷавоҳирот муайян мегардад? Аввал миқдори тиллои тозае, ки дар таркиби ҷавоҳирот ҳаст, мушаххас карда мешавад. Баъд нархи тиллоро бо қиммати ҷаҳонӣ ҳисоб мекунанд. Барои мисол, нархи як грамм тиллои маҳаки 585 ба 28 доллар баробар аст. Ба ин арзиши заҳмати заргар зам мегардад, ки он 5-6 доллар аст. Аммо ҳангоми фурӯши ҷавоҳирот вазн ва нархи сангҳои сунъӣ ба инобат гирифта намешавад,-гуфт ӯ.
Умед Абдураҳмонов ба шаҳрвандони кишвар маслиҳат дод, ки барои зиннати худ ё пайвандон маҳаки 585 ё 750-ро интихоб намоянд, аммо барои захира кардан маҳаки 999,9-ро харанд беҳтар аст.
- Дар сурати гудохтани тилло, сифати он тағйир намеёбад, аммо диққат диҳед, ки тиллои шумо дар куҷо ва чӣ гуна гудохта мешавад. Беҳтараш ба заргарони ҳирфаӣ ва санҷидашуда муроҷиат кунед,-иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин, ӯ ба сокинони кишвар тавсия дод, ки ҷавоҳироти худро дар қуттиҳои пӯшида нигоҳ доранд. Дар чунин ҳолат, сифати он тағйир намеёбад.
Ба саволи он ки “оё тилло ва нуқра пӯстро сиёҳ мекунанд?” чунин посух дод:
- Тиллои босифат пӯстро сиёҳ намекунад. Аммо ду сабаби сиёҳ шудани пӯстро метавонам гӯям: истифодаи зиёди ороишоти касметикӣ ва ҷавоҳироти пастсифат. Аммо нуқра воқеан пӯстро сиёҳ мекунад.
Умед Абдураҳмонов дар хусуси тоза кардани ҷавоҳирот ҳам чанд маслиҳат дод:
- Дар об наҷӯшонед, ин дуруст нест. Ҷавоҳироти худро як муддат дар оби ширгарм гузоред ва баъд бо маҳлули шустушӯй онро тоза кунед. Пасон хушк намоед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста