Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ҳамасола давоми солҳои 2019-2021 даромадҳо аз андоз ва дигар сарчашмаҳоро ба буҷети давлатии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% зиёд кунад.
Соли равон Вазорати молия интизорӣ дорад, ки буҷет аз ҳисоби маблағҳои пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо 17,5 млрд. сомонӣ даромад мегирад, ки нисбат ба соли гузашта 1,7 млрд. сомонӣ ё худ 11% бештар аст. Нисбат ба соли 2019 дар соли 2020 то ба 1,8 млрд. сомонӣ (10,6%) афзудани афзоиши ҳаҷми даромад аз пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2021 аз ҳисоби пардохти андоз ва маблағҳои воридшуда ба буҷет аз дигар сарчашмаҳо ҷамъоварии 21,2 млрд. сомонӣ пешгӯӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 ба миқдори 1,9 млрд. сомонӣ ё худ 9,7% зиёдтар мебошад.
Андозҳо дар сохтори ин моддаи буҷети давлатӣ (пардохти андоз ва маблағҳои воридшуда аз дигар сарчашмаҳо) ҳудуди 95%-ро ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта 23,3 млрд. сомонӣ ва воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз ва дигар сарчашмаҳо ҳудуди 15,8 млрд. сомониро ташкил доданд.
Қисмати даромади буҷет дар соли гузашта ба маблағи 72 млн. сомонӣ (0,3%) барзиёд иҷро шуд. Ҳаҷми даромад аз ҳисоби пардохти андозҳо ба миқдори 0,6% ва аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ – 1,2% барзиёд ба иҷро расид.
Бо вуҷуди ин, соли гузашта ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз аз даромад 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 411,3 млн. сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда камтар маблағ ворид шуд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аввали соли гузашта дар робита ба иҷро нашудани ҷамъоварии маблағҳо аз ҳисоби ин ду навъи андоз нигаронӣ изҳор намуд.
Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати коҳиши ҳаҷми бақияҳо аз қарзи андозҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста