Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки ҳаҷмашон ҳамагӣ беш аз 14,2 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,5 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, аз эътибор соқит карда шавад.
Қарори ҳукумат “Дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои пардохташон ғайриимкон аз андоз, ҷаримаву фоизи онҳо” санаи 1 марти соли равон имзо шудааст.
Қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки то 1 январи соли 2011 ба вуҷуд омадаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.
Аз ҷумла, дастур дода шудааст, ки андозҳо ба маблағи умуии беш аз 6,1 млн. сомонӣ ва ҷаримаву фоизҳо - дар ҳаҷми зиёда аз 8,1 млн. сомонӣ беэътибор дониста шаванд.
Ба мақомоти андози ҷойи қайди андозсупорандагон ва ташкилотҳое, ки қарзҳояшон бекор мешаванд, супориш дода шудааст, ки дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид созанд.
Ба кӣ қарзҳои андоз бахшида мешаванд
Ба рӯйхати андозсупорандагоне, ки қарзҳояшон аз андоз, ҷарима ва фоиз аз онҳо бахшида мешаванд, 11 ширкат ва 3 соҳибкори хусусӣ шомил шудаанд:
- МД «Истифодабарии манзил» (ш. Хуҷанд);
- ҶСК «Филиз» (ш. Исфара);
- ҶСК «Тамокубарории Душанбе» (ш. Душанбе);
- КВ «Раёсати таъмиру сохтмон» (ноҳияи Исмоили Сомонӣ);
- ҶДММ «Фароиз»;
- ҶДММ «Нурафшон»;
- ҶДММ «Сабр»;
- ҶДММ «Ал-Бухорӣ»;
- ҶДММ «Ифтихор 2009»;
- ҶДММ «Таврида»;
- Соҳибкори хусусӣ Абдулазиз Абдулмақсуд;
- Соҳибкори хусусӣ Муллобоев Нарзуллоҷон Насриддннович;
- Соҳибкори хусусӣ Ҳоҷибоев Абдуҷалол.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста