Дар шаҳри Душанбе имрӯз таҳти унвони “Андозагирии иҷтимоии ҳамгиройии авруосиёӣ: имконот ва дурнамо барои Тоҷикистон” мизи гирди байнулмилалӣ баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Фонди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ”, Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” (Екатеринбург), маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” (Саратов) бо мусоидати сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Дар мизи гирд масоили имконоти рушди сармояи инсонӣ дар шароити равандҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои АвруОсиё мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Дар кори мизи гирд сиёсатмадорону дипломатҳо, коршиносон, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, олимон, ходимони чамъиятӣ ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.
Ҳамчунин аз иштироки сафирони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин низ дар ин чорабинӣ интизорӣ меравад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста