Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ санаи 25 апрел маросими баимзорасонии «Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Авесто Гурӯҳ" оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии "Сиёма» дар шаҳри Душанбе" баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чорум эълон гардидааст, равона карда шудааст.
Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
“Аз ҷониби ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ анҷом дода мешавад”, - омадааст дар хабари Кумита.
Зимнан зикр мегардад, ки муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи Сармоягузор пурра риоя мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” дар ҳамдастӣ бо ширкати туркии Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi дар Душанбе корҳои васлу насби автобусҳои тамғаи «AKIA»-ро ба роҳ мондааст.
Боз як лоиҳаи “Авесто Гурӯҳ” роҳандозии барномаи CityCard – пардохти ғайринақдии маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста