Пас аз баргузор намудани ташхиси давлатии лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳо (галереяҳо)-и муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” паймонкор ба амалисозии он шурӯъ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар Вазорат қайд карданд, ки восита барои амалисозии ин қисмати лоиҳаро дар ҳаҷми 5 млн. доллар ҳукумати Покистон ба таври кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.
Паймонкори кулли лоиҳа ширкати China Road-и Чин интихоб шудааст, ки Вазорати нақлиёт аввали сол бо он созишномаи дахлдор ба имзо расонидааст.
“Лоиҳаҳои корӣ барои ҳар кадоме аз қитъаҳо ҷудогона таҳия ва ба ташхиси давлатӣ пешниҳод шудааст. Пас аз дарёфти хулосаи мусбат паймонкор ба корҳои сохтмон оғоз мекунад”, - таъкид дошт манбаъ.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар доираи лоиҳаи “Сохтмони айвончаҳои муҳофизат аз тарма дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок” бунёди 55 адад айвончаҳои муҳофизат аз тарма бо масофаи умумии тақрибан 5665 метр пешбинӣ шудааст.
Барои анҷоми корҳои пешбинишуда ба сурати умум тақрибан 51,5 млн. доллар маблағ зарур аст.
Айни замон дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок 24 адад чунин галереяҳо сохта шудааст. Ин иншоот асосан аз ҷониби ширкати China Road соли 2013 ҳангоми таъмиру навсозии роҳ бунёд шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста