Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор барои иқтисоди Тоҷикистон коҳиши назарраси рушди иқтисодро дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ давоми ду соли наздик пешгӯӣ мекунанд.
“Интизорӣ меравад, ки Тоҷикистон ба коҳиши хеле назарраси сураъти рушд дучор шавад, зеро камшавии интиқоли пул ба буҷет таъсири манфӣ мерасонад”, - қайд мешавад дар гузориши нави Хазина “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ”.
Суръати рушд дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ
Рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта 7%-ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои минтақа маҳсуб меёфт.
Иқтисодчиёни Хазина пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2019 рушди иқтисоди ҷумҳурӣ то 5% ва соли 2020 - то 4,5% поин меравад.
Дар гузориши нав гуфта мешавад, суръати рушди иқтисод дар минтақа ба сурати умум устувор, вале то ҳол хеле паст барои дар оянда баланд бурдани сатҳи зиндагӣ боқӣ мемонад.
“Бо назардошти суръати пешбинишудаи рушди иқтисод дар солҳои 2019 ва 2020 дар сатҳи 4,1%, дурнамои рушди минтақаи Қавқоз ва Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо суръати рушди соли гузашта дар сатҳи 4,2% қариб тағйир намеёбад”, - қайд мекунанд муаллифони гузориш.
Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки дурнамо барои кишварҳои минтақа бо сатҳи баланди номуайянӣ мушкилтар мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста