Давоми 4 моҳи соли равон (январ-апрел) ҳаҷми умумии даромад ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 7,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 1% зиёдтар аст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта даромадҳо ба буҷет аз андоз дар ин давра 10,2% ё худ ба маблағи 467 млн. сомонӣ афзуданд.
Ҳаҷми даромадҳо ба буҷет аз андоз тӯли моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 5 млрд. 35 млн. сомониро ташкил доданд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 4 млрд. 568 млн. сомонӣ баробар буд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Аз ҷумла ба мақомоти андоз муяссар шудааст, ки ҷамъоварии андоз аз даромад ва андоз аз фоидаро ба маблағи 218 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашударо - ба 151 млн. сомонӣ ва аз аксизҳоро ба маблағи 39 млн. сомонӣ зиёд кунанд.
Аз рӯи натҷаҳои соли равон даромадҳо ба буҷет аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми умумии 16,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба даромадҳо аз ин моддаи дар соли 2018 муқарраршуда 10,8% бештар мебошад.
Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои Вазорати молия, давоми солҳои 2020-2021 ҳаҷми даромад аз андозҳо ба ҳисоби миёна ҳамасола ба андозаи 10% меафзояд.
Дар мақомоти дахлдор мегӯянд, даромадҳо ба буҷет бо роҳу воситаҳои маъмулӣ - оғози кори соҳибкорони нав ва таъсиси корхонаҳои нав, муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисод ва мутаносибан афзоиши ҳаҷми даромадҳо аз андоз зиёд мешаванд.
Аммо бархе аз коршиносон эътироф менамоянд, ки афзоиши даромадҳо аз ҳисоби зиёд кардани сарбории пардохти андоз сурат мегирад.
“Барои расидан ба нишондиҳандаҳои аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда, мақомоти андози мо меъёрҳои пардохти андозро дар ҷойҳое, ки алҳол имконпазир аст ва дар навбати аввал барои тиҷорат зиёд мекунанд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як иқтисодчӣ, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста