Дар ин бора байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкат оид ба захираҳо Тибет – Эверест” Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхона дар асоси захираҳои конҳои амалкунандаи ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой, истихроҷ ва коркарди маъдан аз 2,5 млн. тонна дар як сол то 6 млн. тонна дар як сол афзоиш дода мешавад.
Дар Вазорат қайд мекунанд, ки бо ин мақсад, корхона барои ворид намудани технологияи пешрафтаи соҳаи металлургӣ ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар намуди сабиқаҳо, ки дорои арзиши баланди иловашуда мебошанд, чораҷӯӣ менамояд.
Гуфта мешавад, ин иқдом барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии аҳолии мамлакат мусоидат намуда, инчунин заминаи устуворро барои зиёд намудани пардохтҳои андозӣ фароҳам меоварад.
Зимнан зикр мегардад, ки барои азнавсозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва сохтмони иншоотҳои лоиҳавӣ, аз ҷониби муассиси ҶДММ “Ширкати куҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест” дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда мешавад.
Ёдрас мешавад, ки санаи 15 июни соли 2019 зимни сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати оид ба захираҳо Тибет – Эверест” (муассиси ҶДММ “Ширкати куҳӣ ва саноатии Тоҷикистону Хитой”) доир ба таъсис додани корхонаи коркарди металлҳои нодир ва ранга ва лоиҳаи такмили тағйири саноати металлургияи рангаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста