Сохтмони нахустин нақб дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи кашидани хатти лӯлаи нави интиқоли гази “Осиёи Марказӣ - Туркманистон” (шохаи D) дар арафаи анҷомёбист.
Сохтмони қисмати тоҷикистонии ин лӯла дар се марҳила анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали раиси ҶСК “Тоҷиктрансгаз” Шавкат Шоимзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон марҳилаи аввали лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дошта, дар доираи он бунёди якчанд нақб пешбинӣ шудааст.
“Сохтмони нақби аввал бо масофаи 1560 метр дар арафаи анҷомёбист. То имрӯз дар 1450 метри нақб корҳо ба итмом расиданд”, - иброз дошт Шоимзода.
Ӯ қайд кард, ки давоми нимаи дуюми соли равон оғози сохтмони боз чор нақби дигар ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони қитъаи тоҷикистонии лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ - Чин” пас аз панҷ сол, соли 2024 ба анҷом мерасад.
Хатти нави лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ - Чин” (шохаи D) 966 километр масофаи умумӣ дошта, тариқи қаламрави панҷ кишвар - Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин мегузарад. Он қисмати таркибии лӯлаи интиқоли гази “Осиёи Марказӣ - Чин” буда, ба афзоиши иқтидори умумии он то ба 85 млрд. метри мукааб имкон медиҳад. Сохтмони навбати аввали ин лӯлаи интиқоли газ моҳи декабри соли 2009 ба итмом расида буд.
Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи нави интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. бо иштироки ҳиссаи ҷонибҳо ҳар кадоме 300 млн. долларӣ созишнома ба имзо расид.
Дар доираи лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони 42 нақби кӯҳӣ бо масофаи умумии 63,3 километр ва дигар иншоот пешбинӣ шудааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон шоҳроҳи лӯлаи газ аз қаламрави шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш гузашта, то марзи Қирғизистон мерасад. Масофаи умумии лӯлаи гази мазкур дар қаламрави Тоҷикистон 391 километрро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста