Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода овозаҳоро дар бораи садама ва харобиҳо дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун рад кард.
“Дар он ҷо ҳеҷ садамае рух надодааст. “Дар банд ё таҳкурсӣ (девори обногузар, асоси сарбанд - эзоҳи “Азия-Плюс”), ки сохта мешавад, полоиш (филтратсия) каме аз меъёр зиёд шуд”, - гуфт ӯ зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июн дар Душанбе.
Ҷамшед Аҳмадзода қайд кард, ки барои бартараф кардани мушкилот аз ду тараф сементхобонии банд ҷараён дошта, муяссар шудааст, ки сатҳи поксозӣ коҳиш дода шавад.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии бинокорон айни замон ҳарчи зудтар оғоз намудан ба сохтмони сарбанди асосӣ аст.
“Айни замон барои бунёди сарбанди асосӣ, ки баландиаш бояд 335 метрро ташкил диҳад, корҳои омодагӣ ҷараён доранд”, - илова кард ӯ.
Қобили зикр аст, ки аз оғози сол дар бораи харобиҳо дар майдони сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки гӯё дар натиҷаи роҳ додан ба хатогиҳо дар ҳисобу китоб аз ҷониби ширкати итолиёвии Salini Impregilo, ки ба сохтмони ин иншоот машғул аст, ба амал омадаанд, овозаҳо ҷой доштанд.
Сохтмони асоси сарбанди баландтарини хокиву гилӣ охири моҳи октябри соли 2016 пас аз бастани маҷрои дарёи Вахш оғоз гардид. Баландии асоси сарбанд наздики 100 метрро ташкил медиҳад.
Сарбанд дар ду марҳила сохта мешавад. Марҳилаи аввал - сохтмони навбати аввал бо баландии 135 метр (то нишондиҳандаи мутлақи 110 метр аз сатҳи баҳр) ва марҳилаи дуюм - давра ба давра бунёди сарбанди асосӣ бо баландии 335 метр.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста