Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни вохӯрӣ масоили суръат бахшидан ба сохтмони корхонаҳои азими саноатӣ - ҶСП “Талко Голд”, ки айни замон сохтмонаш ҷараён дорад, баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ҶСП “Талко Голд” дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад.
Ли Фэн ҳангоми мулоқот иттилоъ дод, ки тасмим доранд бо ҷалби сармояи чинӣ боз як корхонаи нави металлургиро дар вилоят бунёд намоянд. Дар навбати худ, раиси вилоят таъкид кард, ки ҷониби вилоят барои тақвияти ҳамкориҳо ва таъсиси ҳарчӣ бештари корхонаҳои саноатӣ омода аст.
Қайд мешавад, ки ин корхона дар мавзеъи Кончочи ноҳияи Айни бо харҷи 200 млн. доллар бунёд гардида истодааст ва то имрӯз дар корҳои сохтмонӣ 60 млн. доллар азхуд карда шудааст. Айни замон ба корҳои сохтмонӣ 400 нафар ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона дар соли 2020 беш аз 1000 нафар бо ҷоий корӣ таъмин мешаванд.
Зикр мегардад, ки дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.
Ҳамаи таркибҳои кимиёвии зикршуда дар кишвари мо истихроҷ ва коркард мешаванд, тиллову нуқра ва сурма бошад, ҳамчунин маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол мешаванд, яъне дар шакли металл.
Бар асоси лоиҳаи таҳияшуда, аввали соли 2020 истеҳсоли 1,5 тонна тилло ва 16 тонна сурма дар корхонаи мазкур пешбинӣ шудааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона, аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма пас аз Чину Русия Тоҷикистон ба зинаи сеюм дар ҷаҳон баромада метавонад. Захираҳои умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳанд. Дар ҷараёни корҳои иктишофи геологӣ ин нишондиҳандаҳо баландтар шуда метавонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста