Таҳиягарони Буҷети давлатии Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки соли 2020 Душанбе ба сифати қарзу грант беш аз 4,5 млрд. сомонӣ (қариб 465 млн. доллар) маблағ дастрас карда метавонад, ки нисбат ба соли ҷорӣ қариб 274 млн. сомонӣ (ҳудуди 29 млн. доллар) зиёдтар аст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз сохтори иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, соли 2021 ҳаҷми қарзу грантҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5,4 млрд. сомонӣ (наздики 558 млн. доллар) ва соли 2022 зиёда аз 6,1 млрд. сомонӣ (ҳудуди 630 млн. доллар)-ро ташкил хоҳанд дод.
Соли равон қарзу грантҳо дар буҷети давлатӣ наздик ба 4,3 млрд. сомонӣ (қариб 444 млн. доллар) пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2018 ба ҳукумати Тоҷикистон иҷрои барзиёди нақшаҳо оид ба ҷамъоварии даромад ба буҷет бе кумаки беруна муяссар гардид. Ба буҷет 70 млн. сомонӣ (ҳудуди 7,5 млн. доллар) зиёдтар аз нақша маблағ ворид шуд.
Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, камбуди воридоти маблағ ба буҷет дар соли гузашта аз ҳисоби ҷаримаҳо рӯйпӯш мегардид, ки дар ҷараёни санҷишҳои сайёр дар соҳаи тиҷорат ситонида мешуданд.
Мувофиқи пешгӯйиҳои ҳукумати Тоҷикистон, соли 2019 ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар 3 млрд. 108 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.
Муддати се соли оянда афзоиши ҳаҷми қарзи беруна дар ҳаҷми 714 млн. доллар пешгӯӣ мешавад. Ҳамин тариқ, тибқи интизороти ҳукумат, охири соли 2020 қарзи хориҷӣ ба 3 млрд. 327 млн. ва аз рӯйи натиҷаҳои соли 2021 ба 3 млрд. 441 млн. доллар хоҳад расид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста