Тайи ду соли охир ҳаҷми интиқоли бору мусофирон байни ҳамсоякишварҳо 17% афзудааст.


Бино ба маълумоте, ки Вазорати иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон зимни боздиди расонаӣ пешниҳод кард, танҳо дар соли 2018 гардиши савдои байни ду кишвар 64% афзуда, 389 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба ҷуз ин, тайи ду соли охир таъсиси корхонаҳои муштарак 3,5 маротиба (45 адад) зиёд шудааст. Дар ин вазорат муҳим мешуморанд, ки раванди мазкур бо ҳамин суръат нигоҳ дошта шуда, гардиши тиҷоратӣ дар соли 2019 ба сатҳи на кам аз 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.

 

 

Боздиди расонаии сарварону сармуҳаррирони ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ, инчунин роҳбарони студияи истеҳсолӣ ва оҷонсии рекламавӣ тобистони соли ҷорӣ баргузор шуд. 

Сафарномаи чандрасонаиро дар ин матлаби фарогир дидаву шунидаву хонда метавонед - http://uztaj.tilda.ws/presstour

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» барои 12 нафар иштирокдорони боздид аккредитатсияи муваққатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дастрас кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.