Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 16% аз нақшаи пешбинишуда пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорат, имсол дар майдони 185 ҳазору 570 гектар пунбадона кишт шудааст, ки нисбат ба соли пешин 1,7 ҳазор гектар зиёдтар мебошад.
Пахтакорони тоҷик ният доранд, ки имсол наздики 400 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 22,3% камтар аз соли 2017 аст. Дар ин робита ҳукумат ба мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати афзоиши майдони кишти пахта дастур дод.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳудуди 136 ҳазор нафар ҷалб шудаанд. Онҳо дар як рӯз то 6 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ овардаанд, ки ба як кас 40-50 кило рост меояд. Барои 1 кило пахтаи ғункарда ба чинакчиён аз 40 то 60 дирам мепардозанд.
Дар маъракаи ҷамъоварии пахта айни замон дар ҷумҳурӣ кишоварзони ноҳияи Шаҳритӯс пешсафанд, ки 60%-и нақшаро иҷро кардаанд.
Қобили зикр аст, ки пахтачинӣ дар вилояти Хатлон даҳаи охири моҳи август шурӯъ шуд. То охири сол деҳқонон беш аз 275 ҳазор тонна ин навъи зироатро ҷамъоварӣ карданианд.
Баҳри ҳавасмандсозии кишоварзон дар вилояти Хатлон мусобиқаи “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дастур додааст, ки зарбдорони меҳнат ду маротиба дар як моҳ қадрдонӣ карда шаванд. Мувофиқи ин қарор, ба се ноҳияи пешсаф дар ҳаҷми 15, 10 ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.
Қобили зикр аст, ки нахи пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 93 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи умумии 181,6 млн. доллар содирот шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста