Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 76,5 млн. доллар даромад гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,8% зиёдтар аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.
Қайд мешавад, ки давоми моҳҳои январ-августи соли 2018 даромад аз содироти нерӯи барқ ҳудуди 62,3 млн. сомониро ташкил дода буд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон зиёда аз 2,5 млрд. кВт/соат барқ содирот кард.
Мувофиқи ҳисоботи Вазорати рушди иқтисод ва савдо “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”, моҳи августи соли ҷорӣ ҷумҳурӣ ба ҳамсоякишварҳо 31,4% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшударо интиқол додааст.
Ҳамин тариқ, интиқоли барқ ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 346 млн. кВт/соат, Афғонистон – 270 млн. кВт/соат ва Қирғизстону Қазоқистон – беш аз 22 млн. кВт/соат сурат пазируфтааст.
Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон Тоҷикистон дар маҷмӯъ наздики 3,5 млрд. кВт/соат барқ содирот карданист.
Дар мақомоти марбута афзоиши ҳаҷми содироти барқро ба мавриди истифода қарор гирифтани ду гидроагрегати нерӯгоҳи Роғун нисбат медиҳанд, ки дар маҷмӯъ шабонарӯзӣ беш аз 6 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста