Зиёда аз 85%-и тоҷикистониён тавассути низоми бонкӣ пулҳои худро ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳанд. Дар ин бора натиҷаҳои назарсанҷии гузаронидаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии БМТ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар он беш аз 2,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок кардаанд.
Боз 6,3%-и пурсидашудагон посух додаанд, ки пулҳоро ба воситаи хешу табор, 4,4% – миёнаравҳо, 2,5% – ёру рафиқон, 1,2% – ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва 0,5% тариқи дигар воситаҳо мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол 61,7%-и пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки сарчашмаи пулҳои ба Тоҷикистон мефиристодаашон музди кор мебошад.
Боқимонда 38,3% сарчашмаҳои интиқоли пулро тариқи зайл баён доштаанд: 21,4% – ёрии хешовандон, 8,4% – даромад аз моликият, 2% – аз фаъолияти соҳибкорӣ, 1,5% – даромад аз сармоягузорӣ, 1,2% – аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва 3,7% – аз ҳисоби дигар манбаъҳо.
Пулҳои ба Тоҷикистон интиқолёфта асосан барои пардохти маблағи таҳсил, муолиҷа ва харидории доруворӣ харҷ мешаванд.
Зиёда аз 11% гуфтаанд, ки ин пулҳоро барои гузаронидани маъракаҳо, 9,3% – барои харидани манзил ва қитъаи замин (қонунгузории ҶТ хариду фурӯши заминро манъ кардааст, - эзоҳи “Азия-Плюс”) истифода мекардаанд.
Ҳамчунин 7,1% посух додаанд, ки ин маблағҳоро барои бунёди манзил, 4,7% – барои харидани воситаҳои нақлиёт, 3,3% – барои сафари ҳаҷ ва саёҳат, 2,1% – барои соҳибкорӣ, 1,3% – рушди ҳунарҳои мардумӣ ва 1,1% – барои харидории тилло ва маснуоти заргарӣ сарф мекардаанд.
Чанде қабл Бонки милии Тоҷикистон маркази протсесингии интиқоли пулро бе ифтитоҳи суратҳисоби бонкӣ муаррифӣ кард, ки ояндаи наздик ба кор дароварда мешавад.
Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки таъмини анҷоми ҳарчи зудтар, бехатар ва мунтазами амалиёти интиқоли фаромарзии маблағ ба таври ғайрнақдӣ байни иштирокчиёни он аз афзалиятҳои муҳими кори марказ маҳсуб меёбад.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низоми бонкӣ 1 млрд. 159 млн. доллар интиқол додаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста