Қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Кулма дар қаламрави ВМКБ, ки таъмиру навсозиаш дар нақша аст, ба 3 қисм тақсим шудааст.
Бо назардошти мавқеи душвори ҷуғрофӣ, таъмиру таҷдиди қитъаҳои роҳи мазкур ба таври алоҳида ҷараён мегирад: Қалъаи Хумб – Ванҷ то сарҳади Рӯшон, Рӯшон – Хоруғ ва Хоруғ – Кулма то сарҳади Чин. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода рӯзи сешанбе зимни аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шудани мубодилаи мактубҳо оид ба асосноккунии фаннию иқтисодии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки дар марҳилаи аввали лоиҳа қитъаҳои роҳи Мурғоб – Кулма – сарҳади Чин, Шкев – Зиғар, Шоҳон – Зиғар, Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон ва Душанбе – Данғара таъмиру таҷдид шуда, нақбҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” мавриди истифода қарор гирифтанд.
Вазир таъкид дошт, ки акнун зарурати таъмиру навсозии қитъаҳои роҳ дар қаламрави ВМКБ ба миён омадааст.
Мувофиқи мубодилаи мактубҳо, ки аз ҷониби парлумон маъқул шуморида шуд, барои таҳияи асосноккунии фаннию иқтисодии лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон бо масофаи 92,3 километр Чин дар ҳаҷми 218 ҳазор доллар кумаки ройгон ҷудо мекунад.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ ҷудо шудани грант дар ҳаҷми 230 млн. доллар аз ҷониби Чин дар назар аст.
Дар ин қитъаи роҳ бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизатӣ бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи арзёбии пешакии Вазорати нақлиёт, барои таъмиру навсозии роҳи Рӯшон – Хоруғ (масофааш 163 км) 200 млн. доллар ва қитъаи Хоруғ – Кулма (масофааш 395 км) 567 млн. доллар зарур аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста