Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҷараёни санҷиши фаъолияти ташкилоту муассисаҳои буҷетии кишвар дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 102,5 млн. сомонӣ (беш аз 10,5 млн. доллар) зарари молӣ ошкор кард.
Ин миқдор зиён дар натиҷаи баргузории 217 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ошкор шудааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби ҶТ хабар медиҳад.
Қаблан аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввал дар Палатаи ҳисоб қайд карданд, ки аксари далелҳои ошкоршудаи расонидани зарари пулӣ ба беҳуда сарф кардани буҷет, кам ё рӯйпӯш кардани андозҳо, боло бурдани арзиши ҳаҷми таъмиру сохтмон, хароҷоти ғайриқонунӣ ва беасос аз эътибор соқит кардани маблағҳо дахл доранд.
Ҳамчунин дар мавридҳои фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, пардохт накардани фоида (дивиденд) аз рӯйи саҳмияҳои давлатӣ низ зарари молиявӣ муайян шудааст.
Зарари аз ҳама калон аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши аудиторӣ дар нимсолаи аввал дар КВД “Манзили дастрас” – 41,1 млн. сомонӣ (зиёда аз 4,2 млн. доллар) ба қайд гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста