Дар Тоҷикистон муассисаи нави давлатӣ таъсис дода мешавад, ки ба таъмини кори нақбҳо, шабакаҳои рӯшноидиҳӣ ва чароғакҳо дар роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ машғул хоҳад шуд.
Бо қарори худ аз 4-уми октябр ҳукумат ба сохторҳои марбута дар бораи таъсиси ин муассиса дастур додааст.
Дар санад гуфта мешавад, муассисаи нав “бо мақсади рушди соҳаи таъмини кори роҳҳои автомобилгард ва беҳбуди истифода аз иқтидорҳои нави техникии бунёдшуда” таъсис дода мешавад.
Ба Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҳаллу фасли масоили тадорукотӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба Вазорати молия маблағгузории фаъолияти ин муассиса супориш дода шудааст.
Мувофиқи маълумоти ҳукумат, дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ панҷ нақб бо масофаи умумии 18 километр сохта шудааст. Барои бунёди иншоот дар маҷмӯъ беш аз 248 млн. доллар сарф шудааст.
Ҳанӯз соли 2017 муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ба “камбудиҳои ҷиддӣ” дар таъмини кори ҳамаи нақбҳо ишора карда буд.
“Камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи дохили нақб, маҷмааҳои ҳаводиҳӣ бояд дар ҳолати кории доимӣ қарор дошта бошанд. Дар нақбҳои “Хатлон”, “Озодӣ”, “Истиқлол” ва “Шаҳристон” қисме аз фурӯзонакҳову ҳавотозакунакҳо ва қариб ҳамаи нуқтаҳои сӯхторнишонӣ ниёз ба иваз кардан доранд”, - гуфта буд ӯ.
Таъкид гардида буд, ки сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини коршоямии техникаю таҷҳизот ба талабот ҷавобгӯ набуда, мутахассисон ниёз ба бозомӯзӣ доранд.
Муовини сарвазир бо мақсади бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Ба Вазорати нақлиёт дастур дода шуд, ки ба корҳои таъсиси муассисаи алоҳидаи нигаҳдории нақбҳо суръат бахшад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста