Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли равон 28,1% кам шуд.
Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 82,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ имсол ба Қазоқистон (45,6% аз ҳаҷми умумӣ) ва Русия (20%) содирот шудааст.
Ҳамчунин маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Қирғизистон (9%), Туркия (5,4%), Афғонистон (3,7%), Украина (3%), Олмон (1,8%), Беларус (1,7%), Чин (1,6%), Покистон (1,5%), ИМА (1,2%), Ӯзбекистон (0,6%) ва дигар кишварҳо (4,3%) фиристода шудааст.
Чӣ содирот мекунем?
Дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон бештар пиёз – 56,8 ҳазор тонна содирот шудааст, ҳарчанд дар қиёс бо соли гузашта ҳаҷми он 24 ҳазор тонна кам шудааст.
Ҳамчунин имсол дар ҳаҷми нисбатан зиёд хушкмева (11,1 ҳазор тонна), ангур (4,1 ҳазор тонна), зардолу (4 ҳазор тонна) ва олу (2,5 ҳазор тонна) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.
Бодиринг, сабзӣ, карам, картошка, чормағз, шафтолу, себ, нок, тарбузу харбуза, маҳсулоти ситрусӣ ва ғайра нисбатан кам содирот шудааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ-индустриалӣ буда, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 20% ва соҳаи саноат – 17,7%-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 19 млрд. сомонӣ (наздики 2 млрд. доллар)-ро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1% бештар мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста