Давоми нуҳ моҳи соли равон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 77,1 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд. Дар ин бора дар гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” маълумот дода мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, маблағи умумии гази табии дар ин давра аз Ӯзбекистон интиқолёфта ҳудуди 9,8 млн. долларро ташкил медиҳад.
Истеъмолгари асосии гази воридотӣ дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад.
Ҳамчунин аз гази Ӯзбекистон баъзе корхонаҳои начандон бузурги канори ҷодаи марказӣ дар ғарби Душанбе – Ҳисору Турсунзода низ истифода мекунанд.
Дар назар аст, ки пас аз давра ба давра барқарор сохтани зербинои зарурӣ, истеъмолгарони маишӣ низ ба лӯлаи газ пайваст мешаванд.
Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли гузашта дубора аз сар гирифта шуд. То охири соли 2018 Тоҷикистон аз ҳамсоякишвар дар ҳаҷми 54 млн. метри мукааб гази табиӣ гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста