Ҳукумати Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар се соли оянда қариб 930 млн. доллар қарзҳои хориҷиро аз худ карданист.
Дар доираи Барномаи қарзҳои берунии хориҷӣ соли 2020 аз худ кардани 228,14 млн., соли 2021 – 336,48 млн. ва соли 2022 – 365,31 млн. доллар маблағҳо ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи барнома, соли равон аз худ кардани қарзҳо дар ҳаҷми 189,8 млн. доллар пешбинӣ шудааст.
Айни замон Барнома аз 60 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзӣ иборат аст, ки дар марҳилаи лоиҳасозӣ қарор доранд. Маблағи умумии қарзҳои азхудшуда тибқи ин Барнома то 1-уми январи соли равон 1 млн. 18 млн. долларро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки қарзгир дар ин ҳолат ҳукумат буда, баргардонидани қарз бар дӯши субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ вогузор мешавад.
Ёдрас мекунем, ки то 1-уми июли соли 2019 ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 894,56 млн. долларро ташкил додааст, ки ба 35,9%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста