Бонки авруосиёии рушд (БАОР) сустшавии ҷараёни Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро дар соли 2020 дар шароити коҳиши андаки сармоягузорӣ ба бахши энергетика барои Тоҷикистон пешгӯйӣ мекунад.
Дар гузориши макроиқтисодии БАОР қайд мешавад, ки минбаъд суръати рушди иқтисодӣ ба сатҳи имконпазири аз ҷониби онҳо арзёбишуда то ҳадди ниҳоӣ барои кишварҳои иштирокчии БАТР – 7% хоҳад шуд.
Таҳлилгарони бонк зикр мекунанд, ки нимсолаи аввали соли 2019 зери таъсири тақвияти фаъолнокии истеъмолии хонаводаҳо ва афзоиши истеҳсолот дар саноати истихроҷу бахши кишоварзӣ рушди иқтисод суръат гирифт.
Сатҳи таваррум бо таъсири болоравии нарх ба маҳсулоти ғизоӣ суръат гирифта, лекин дар ҳудуди фосилаи ҳадафноки амалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон (7+/-2%) боқӣ мемонад.
Мувофиқи арзёбии БАОР, омили сусти берунии таваррум боиси мешавад, ки афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар кишвар нимсолаи дуюми соли 2019 суст шуда, соли 2020 дар ҳудуди фосилаи ҳадафнок (6+/-2%) нигоҳ дошта шавад.
Аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2019 меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) кам шуд.
Тибқи арзёбии БМТ, таваррум дар ҳудуди долони ҳадафнок боқӣ монда, суръат гирифтани он ба омилҳои кӯтоҳмуҳлат вобаста аст. Мутобиқи пешгӯйии заминавии БАТР, суст шудани таваррум ба Бонки миллӣ ҷиҳати идомаи коҳиши меъёр минбаъд дар солҳои 2020-2021 имкон медиҳад.
Тӯли 6 моҳи соли 2019 нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ бо касри 0,2% нисбати ММД пас аз барзиёдии 3% нисбати ММД як сол пеш иҷро шуд.
Ба ақидаи таҳлилгарон, ин хусусияти муваққатӣ дорад, аз ҷумла, бо назардошти коҳиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои сохтмон ва энергетика, ки аз ҷониби ҳукуматдорон ба нақша гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




