Мақомоти гумруки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт, ки тариқи сарҳадоти ду кишвар ҳамлу нақл мешавад, пешакӣ табодули маълумот мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки санади таҳияшуда байни мақомоти гумруки кишварҳо маъқул дониста шавад.
Зарурати ба имзо расидани чунин қарордод “беҳбуди самаранокии назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт”, ки тариқи сарҳад мегузаранд, маънидод мешавад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки санади мазкур ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои савдо байни кишварҳо мусоидат мекунад.
“Ҷонибҳо доимо зимни анҷоми расмиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ки аз қаламрави ҳамсоякишвар ворид мешавад, агар нуқтаи таъинот ё хатсайри транзит дар дигар ҷониб воқеъ бошад, на камтар аз ду соат то убури сарҳади гумрукӣ табодули маълумот мекунанд”, - қайд мешавад дар лоиҳаи санад.
Гуфта мешавад, маълумоти дастрасшуда махфӣ буда, танҳо баҳри иҷрои мақсадҳои мақомоти гумрук истифода мешавад.
Барои дигар мақсадҳо маълумот танҳо бо розигии хаттии Тарафе, ки онро пешниҳод кардааст, истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат боло рафта, давоми нуҳ моҳи соли равон қариб 295 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23% бештар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста