Бонки ҷаҳонӣ суст шудани суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар ду соли наздик пешгӯӣ мекунад.
Дар гузориши чанде қабл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 5,5-5,0% дар солҳои 2020-2021 суст мешавад, ки афзоиши бештар заифро дар иқтисоди Русия ва коҳиши нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти ашёи хомро таҷассум месозад.
Муаллифони гузоиш бар ин назаранд, ки дар дурнамои миёнамуҳлат интиқоли пул суст боқӣ монда, фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар бо саноати кӯҳкорӣ, истеҳсолот ва сохтмон дастгирӣ мешавад.
Ҳамчунин ба ақидаи иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, чанде аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки ба муносибати 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон амалӣ мешаванд, ба афзоиш мусоидат мекунанд.
“Лекин агар ҳукумат барои фаъолсозии рушди бахши хусусӣ ва пурра барқарор кардани устувории молиявӣ ислоҳоти зарурӣ нагузаронад, хавфҳои поинравӣ низ вуҷуд доранд”, - қайд мекунанд онҳо.
Дар гузориш зикр мегардад, ки афзоиши фишор бо сабаби хароҷоти иловагии давлатӣ дурнамои молиявиро душвор мекунад.
«Ба замми лоиҳаҳои бузурги ҷории зербиноӣ, ки ҷалби захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунанд, силсилаи интихобии кишвар начандон зиёд болоравии музди меҳнатро дар бахши давлатӣ, маблағгузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ва уҳдадории сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои бахшида ба 30-солагии истиқлолиятро дар соли 2021 пешбинӣ мекунад”, - тахмин мезананд муаллифони гузориш.
Соли 2018 суръати афзоиши воқеии ММД-и Тоҷикистон 7,3%-ро ташкил дод. Аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳукумат афзоиши онро дар сатҳи 7,2% ба нақша гирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста