Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) роҳандозии назорат ба бозори 2,5 млрд. долларии интиқоли пулро бо пешгирии зарбаи имконпазири ҷиддӣ ба иқтисоди кишвар асоснок мекунад.
Дар шарҳи Бонки миллӣ оид ба зарурати таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо як мисоли оддӣ оварда шудааст.
“Соли 2014 ду оператори низоми пардохт “Мигом” ва “Лидер” муфлис шуданд. Онҳо 1 млн. доллар ва беш аз 50 млн. рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои интиқол гирифта буданд. Баъди муфлисшавӣ ин маблағҳоро бонкҳои Тоҷикистон аз ҳисоби худашон ба шаҳрвандон доданд, аммо “Мигом” ва “Лидер” ба бонкҳои кишвари мо қарзашонро напардохтанд. Ин зарар ба иқтисодиёти Тоҷикистон буд”, - омадааст дар шарҳи БМТ.
Гуфта мешавад, ҳоло бозори интиқоли маблағҳо (ба ҳисоби миёна дар солҳои 2018-2019) ҳудуди 2,5 миллиард долларро ташкил дода, ин маблағ асосан аз сӯйи муҳоҷирини меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон интиқол меёбад.
“Қисмати бузурги ин маблағҳо – ҳудуди 80% (наздики 2 млрд. доллар) тавассути як низоми интиқолӣ – “Золотая корона” ворид мегардид. Худ тасаввур кунед, ки агар мабодо “Золотая корона” мисли “Мигом” ва “Лидер” муфлис шавад, чӣ иттифоқ меафтад? Дар чунин ҳолат он 2 млрд долларе, ки тавассути “Золотая корона” интиқол дода мешуд, муаллақ мемонд. Кӣ онро пардохт мекард? Агар бонкҳои Тоҷикистон пардохт ҳам мекарданд, боз иқтисодиёти кишвар зарар медид”, - қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.
Дар БМТ бар ин назаранд, ки 2 миллиард доллар барои ширкатҳои бузург маблағи ночиз буда, аммо барои иқтисодиёти хурди Тоҷикистон як маблағи калон аст.
Қобили зикр аст, ки бисёре аз мақомоти давлатӣ ва мансабдорони сатҳҳои гуногун далели асосан аз ҷониби муҳоҷирон ба кишвар интиқол шудани пул ва дар ин замина саҳми онҳо дар рушди иқтисод ва беҳбуди вазъи некӯаҳволии мардумро нодида гирифта, гумон доранд, ки ин маблағҳо аз ҳисоби содироти хушкмева ворид мешавад.
Пас аз оғози кори Маркази миллии протссесингӣ аз 3-юми декабр пулро танҳо тариқи низомҳои пардохте, ки ба ин низом пайваст шудаанд, метавон фиристоду қабул кард. Айни замон чунин низомҳо дутоанд: “Юнистрим” ва “Контакт”.
Дар БМТ таъкид месозанд, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ин навоварии технологӣ дар низоми пардохтии кишвар мебошад, ки дар бахши бонкӣ амалӣ гардида, ҳаммонанди худро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
СОБИР13 декабр, 2019 00:14
Муроҷиат ба БОНКИ МИЛЛИ. Як коре кунед, ки ба шаҳрвандон ирсол кардани маблағ МИСЛИ ПЕШИНА осон шавад! Ин муфлис шудани ширкатҳоро бо роҳе пешгиред, ки ба ХАЛҚ мушкили наорад! ОХИР ИН КОРИ ШУМОСТ ДАВЛАТ БА ШУМО МАОШ МЕДИҲАД ОЗ ҲИСИБИ МО ХАЛҚИ ОДДИ ВА ШУМОНИЗ БОЯД БАРОИ МАНФИАТИ ХАЛК КОРКУНЕД.МАН 1-ҲАФТА МЕШАВАД, КИ БО ИРСОЛ КАРДАНИ МАБЛАҒ БА ТОҶИКИСТОН МУШКИЛИ ДОРАМ.ЧИКОР КАРДАНАМРО НАМЕДОНАМ. ИН МУШКИЛИИ МОРО ШУМО БОЯД ҲАЛ НАМОЕД!