Раисҷумҳури Тоҷикистон ба таъсиси сохтори нав дастур дод, ки ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ машғул мешавад.
“Дар назди КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад”, - дастур дод сарвари давлат ба мақомоти дахлдор имрӯз, 26-уми декабр зимни ироаи паём ба парлумон.
Ӯ шарҳ дод, ки вазифаи асосии ин воҳиди сохторӣ омода кардани лоиҳаҳо доир ба пешниҳоди захираву имкониятҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла, дар самти омӯзиш ва истихроҷу коркарди ашёи хом, яъне сарватҳои зеризаминӣ мебошад.
Президент гуфт: “Дар мо то ҳоло ин чиз вуҷуд надорад. Ҳол он ки дар назди ҳар як вазорату идораҳои Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои махсуси лоиҳакашӣ мавҷуданд”.
Ба гунаи мисол ӯ таъкид дошт, ки “пажӯҳишгоҳи назди Вазорати нақлиёти ҶТ соли чорум аст, ки лоиҳаи бунёду таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷро дуруст лоиҳакашӣ ва пешниҳод карда наметавонад”.
Сарвари давлат зикр кард, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ “зиёда аз 600 адад конҳои захираҳои минералӣ эҳё шуда, аммо фақат ному дигар чизе нест”. Вай афзуд, ки лоиҳаҳои мушаххас барои пешниҳод ба сармоягузорон омода нестанд.
Ӯ бар ин назар аст, ки ба ҷойи дар вохӯриҳои корӣ дар бораи бойигариҳои кишвар маълумот додан, ба сармоягузорон лоиҳаҳои мушаххас пешниҳод кардан зарур аст.
Ҳамчунин президент ба мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои беҳбуди малакаҳои соҳибкорон дар самти таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ тадбирҳо андешида шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста