Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 1 ҳазору 58 километр заҳкашҳои сарпӯшида қариб 35 сол инҷониб тоза карда нашудаанд.
Сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон Ҳалимхон Мирзоев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз сабаби сари вақт тоза нашудани заҳкашҳои сарпӯшидаи ноҳия сатҳи обҳои зеризаминӣ баланд шудааст.
“Хоки ноҳияи Ёвон зард аст ва ба категоряи дуюм ворид мешавад. Дар минтақаи мо заҳкашҳои кушода сохта намешавад, зеро об ин намуди хокро тез шуста мебарад. Дар қаламрави ноҳия 1 ҳазору 58 километр заҳкашҳои сарпӯшида мавҷуд мебошад. Ин заҳкашҳо ҳанӯз аз солҳои 1985-90 тоза карда нашудаанд. Ин намуди заҳкашҳо бо мошини махсус (Дренопромывочная машина) тоза карда мешаванд. Мутаассифона, имрӯз чунин мошин натанҳо дар ноҳияи мо, балки дар вилояти Хатлон ҳам нест”, - афзуд Мирзоев.
Ба гуфтаи манбаъ, арзиши чунин мошини махсус 35 ҳазор доллари амрикоӣ буда, корхона имкони харидории онро надорад.
“Агар мо дар солҳои наздик чунин як мошинро дастрас карда натавонем, заҳкашҳои сарпӯшида вайрону валангор шуда, вазъи мелиоративии заминҳои ноҳия бадтар мегардад. Айни замон 35-40 фоизи ин қубурҳои заҳкаш шикастаю аз кор баромадаанд. Дар баъзе қитъаҳо шохҳои дарахтон банд мондаю сабзида, қубурҳоро шикастаанд”, - гуфт номбурда.
Ба қавли ӯ, истифодабарандагони оби полезӣ дар назди идораи онҳо ҳудуди 10 миллион сомонӣ қарздоранд. Агар ин қарз пардохт шавад, онҳо аз ҳисоби худашон чунин як техникаи зарурӣ харида метавонанд.
“Айни замон дар ноҳияи Ёвон қариб 3 ҳазор гектар замин дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор дорад. Дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати об ҳолати мелиоративии 265 гектари онро беҳтар кардаем”, - изҳор дошт сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ.
Ба суоли “Оё маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо мешавад?” Ҳалимхон Мирзоев чунин посух дод: “Мутаассифона, аз соли 2016 инҷониб маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пешбинӣ намешавад. Мо дар асоси барномаи давлатӣ оид ба беҳтар кардани вазъи мелориативии заминҳо, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1 августи соли 2018 таҳти рақами 374 тасдиқ шудааст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раёсати молияи ноҳия муроҷиат кардем, ки мувофиқи талаботи барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 446,8 ҳазор сомонии пешбинишударо ҷудо намоянд. Ҳоло интизорем, ки ба мактуби мо чӣ ҷавоб хоҳанд дод”.
Аммо Бахтиёр Ҳасанов, муовини сардори Раёсати молияи ноҳияи Ёвон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аз идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ба онҳо ягон мактуб ворид нашудааст.
“Маблағгузорӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин то соли 2016 дар буҷети маҳаллӣ пешбинӣ карда мешуд. Аз чӣ сабаб буд, ки баъд аз ин маблағгузорӣ манъ гардид. Дар соли 2019 аз буҷети ноҳия барои беҳдошти замин маблағ ҷудо нашудааст. Дар лоиҳаи буҷети соли 2020, ки аллакай қабул гардидааст, дар ин самт маблағ пешбинӣ нашудааст. Шояд аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷети ноҳия дар соли 2020 маблағ ҷудо карда шавад”, - иброз дошт Ҳасанов.
Қобили зикр аст, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1-уми августи соли 2018 “Нақшаи маблағгузорӣ оид ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” тасдиқ карда шудааст. Мувофиқи он сарчашмаҳои маблағгузорӣ нишон дода шудааст, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд 3,4 миллион сомонӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии 1,2 ҳазор гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ҷудо карда шавад. Аммо аз суҳбате, ки бо роҳбарони идораҳои беҳдошту обёрӣ ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон доштем, дар соли 2019 аз буҷети маҳаллӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ маблағ ҷудо нагардидааст. Соли 2020 низ дар ин самт маблағҳо пешбинӣ нашудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



