Ҳукумати Русия бо қарори худ номгӯйи маҳсулоти ғизоиро, ки онро бо меъёри имтиёзноки пардохти андоз метавон ба қаламрави ин кишвар ворид намуд, зиёд кардааст.

Барои воридоти маҳсулоти ба рӯйхат иловашуда ба ивази 20%-и пешина бо меъёри 10% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ситонида мешавад.

Ба номгӯи маҳсулот мева ва буттамеваҳои зерин илова шудаанд: тарбузу харбуз, ангуру анҷир, себу нок, биҳӣ зардолу, олу ва гелос, шафтолу, меваҳои ситрусӣ ва ғайра.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 Тоҷикистону Русия протокол дар бораи эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ ба сабзавоту меваро имзо карданд.

Санади мазкур ба таҳвили бемонеаи сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба Русия имкон фароҳам меорад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии беш аз 8,7 млн. доллар наздики 30 ҳазор тонна меваи тару тоза, зироатҳои ситрусӣ ва харбуза содирот шудааст.

Чунин маҳсулот аз ҷумҳурӣ асосан ба Русия ва Қазоқистон бароварда мешавад. Тайи солҳои охир ҳаҷми содироти гелос аз Тоҷикистон ба Чин меафзояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.