Соли 2019 наздики 26 ҳазор субъекти соҳибкорӣ барҳам дода шуданд. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ,1,4 ҳазор ширкат ва 24,4 ҳазор соҳибкор тиҷорати худро қатъ карданд.
Дар баробари ин соли гузашта беш аз 36 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1,1 ҳазор ширкати нави хусусӣ ва 35,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба кор оғоз карданд.
Ҳамин тариқ, давоми сол шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда беш аз 10 ҳазор адад афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори ширкатҳои хусусӣ 245 адад кам шуда, теъдоди соҳибкорони инфиродӣ баръакс 10,8 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 330 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ амал мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста