Сабаби иҷро нашудани нақшаи қисми даромади буҷетро муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Абдурозиқ Солеҳзода дар нақшабандии нодурусти намудҳои андоз медонад. Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарии 3-юми феврал ибрози назар кард.
“Дар ҳама ҳолат нодуруст банақшагирии қисми даромади буҷет аз рӯйи намуди андозҳо ба мушкилӣ оварда мерасонад. Дар вилоят ду намуди андоз таъмин нашуд ва аз ин ҳисоб 61 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нагардид. Ин андоз аз арзиши иловашуда – 52,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби андози иҷтимоӣ – 9 миллион сомонӣ. Аз дигар намуди андозҳо мо аз нақша 65 миллион сомонӣ бештар ҷамъоварӣ кардем. Ин рақамҳоро Шумо худ таҳлил кунед”, - гуфт Солеҳзода.
Вай афзуд, омилҳои дигари иҷро нашудани қисми даромади буҷет сатҳи пасти маърифати андозсупорӣ ва дуруст ба роҳ монда натавонистани коргузорӣ дар самти ҷамъоварии андоз мебошад.
“Соли 2019 ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қисми даромади буҷаашро дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ иҷро накард. Давоми як соли охир 3-4 сардори нозироти андози ноҳия иваз карда шуд. Сабабаш дуруст ба роҳ намондани маъмурикунонии андозҳо ва ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадории мансабиашон буд, ки нақшаи қисми даромади андози ноҳия иҷро нашуд”, - илова кард ӯ.
Дар идомаи суҳбаташ Абдурозиқ Солеҳзода гуфт, ки дар баробари омилҳои мазкур боз сабабҳои дигар ҳастанд: “Мо айни замон ба хотири саривақт ҷамъоварӣ шудани андозҳои давлатӣ кӯшиш карда истодаем, ки бо васеъ кардани доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ маърифати андозсупории мардумро баланд бардорем. Агар мо ба ин мақсад бирасем, раванди ҷамъоварии андоз ба маротиб осон ва босифат хоҳад шуд”.
Муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон гуфт, ки 152 нафар кормандони мақомоти андоз бо назардошти натиҷаҳои соли 2019 аз вазифа озод гардиданд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ 39 корманди нозироти андоз аз мақомот ронда шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста