Соли гузашта 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, 45 корхонаи дигар муфлис шуданд ва дар марҳиkаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки боз 29 корхонаи саноатӣ бинобар сабаби рақобатнопазирӣ ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсолот кор накардаанд.
“Ғайр аз ин, 23 корхона ба иллати фарсудашавии таҷҳизот ва 9 корхона бо сабаби дарёфт карда натавонистани иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок амал накарданд”, - гуфт ӯ.
Файзуллозода афзуд, ки 43 корхона бо сабаби мушкилоти молиявӣ, қарзҳо аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет фаъолият карда натавонистанд.
Вазир иброз дошт, ки баъзе корхонаҳои қарздор аз пардохти андоз ба иҷора дода шуда, бо номи дигар корашонро идома медиҳанд.
Зикр шуд, ки соли 2019 дар Тоҷикистон ба сурати умум 2184 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда вуҷуд доштанд.
Вазир илова кард, ки соли гузашта 219 корхона ва коргоҳи саноатии нав ба кор даромаданд, аз ҷумла, дар бахши мошинсозӣ 38-то, саноати сабук – 53, истеҳсоли масолеҳи сохтмон – 50, саноати хӯрокворӣ – 62, саноати кӯҳкорӣ – 2 ва саноати истихроҷи ангишт –1 корхона.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста