Бонки осиёии рушд (БОР) гранти кумаки техникиро дар ҳаҷми 1 млн доллар барои таҳияи лоиҳаи сармоягузории пешниҳодшуда оид ба таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашӣ дар ҳавзаи поёнии дарёи Вахш дар Тоҷикистон маъқул донист.
“Ба бахши кишоварзӣ 20%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон рост омада, наздики 51%-и аҳолӣ дар ин соҳа кор мекунад. Дар кишвар танҳо 7% заминҳо корам буда, бахши кишоварзӣ бо ҳосилнокии паст дар ҳоли рушди заиф қарор дорад, ки дар натиҷа яке аз сатҳҳои аз ҳама пасти амнияти озуқаворӣ дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Зерсохтори обёрӣ ва заҳкашӣ хароб шудааст, ки истеҳсолнокиро дар бахши кишоварзӣ боз ҳам зиёдтар коҳиш медиҳад”, - қайд мешавад дар иттилои намояндагии БОР дар Душанбе.
Барои гранти кумаки техникӣ заминаи фанниву иқтисодии корҳои таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ ва заҳкашии ноҳияҳои Ёвон ва Қумсангир таҳия мешавад. Дар заминаи фанниву иқтисодӣ тадбирҳои лоиҳавӣ муайян шуда, ба он арзёбиҳои техникӣ, муҳитзистӣ (экологӣ), иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ дохил мешаванд.
БОР ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 1,8 млр доллар, бо шумули зиёда аз 1,3 млрд доллар ба сифати грант додааст. Ин маблағҳо ба беҳбуди зерсохтори нақлиёт ва энергетикаи кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеъаи истеҳсолот дар бахши кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва савдои минтақавӣ мусоидат карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста