Соли 2019 Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро ба имзо расонид, ки мувофиқи онҳо 8 корхонаи нав сохта мешавад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2019 Тоҷикистон бо ҷалби маблағгузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ 7 созишномаи сармоягузорӣ имзо кардааст. Мувофиқи онҳо 8 корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегардад: истеҳсоли маснуоти қаннодӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ; сементбарорӣ дар Душанбе ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва боз дигар корхонаҳои нав. Барои сохтмони онҳо наздики 2,4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.
Тавре Ҳамрализода қайд кард, ба ҳолати 1 январи соли 2020 шумори лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Тоҷикистон ба 65 расидааст.
Маблағи умумии онҳо беш аз 32 млрд сомониро ташкил медиҳад: 16,9 млрд. (52,6%) – маблағҳои қарзӣ, 13,6 млрд (42,4%) – грантҳо ва 1,4 млрд сомонӣ (4,4%) – саҳми ҳукумати Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти Кумита, соли 2019 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 346 млн доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ворид шудааст, ки 6% бештар аз соли 2018 мебошад.
Аз лиҳози сармояугзориҳои мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2019 Чин пшесаф мебошад (262,3 млн доллар). Ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон – 33,1 млн доллар ва Туркия – 13,5 млн долларро ташкил додааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста