Раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки солҳои пешин қарзи ширкат аз андоз то ба 300 млн сомонӣ мерасид.
“Аммо ширкат бо дастгирии ҳукумат ин қарзҳоро кам карда тавонист”, - қайд кард ӯ.
Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта “Барқи тоҷик” ба маблағи 453,4 млн сомонӣ андоз пардохтааст, ки ин аз ҳаҷми андозҳои ҷорӣ қариб 60 млн сомонӣ бештар мебошад.
“Дар натиҷа ширкат пардохти ҳамаи андозҳои ҷорӣ ва бақияҳо (маблағи пурра пардохтнашудаи андоз – шарҳи идора)-ро таъмин намуда, ба ин васила қарзҳо аз андозро бартараф кард”, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи раиси ширкат, ин ҷо сари кадом як ҳисоббаробарие сухан намеравад, балки ҳамаи пардохт тариқи маблағи нақдии ширкат сурат гирифтааст.
Исмоилзода зикр кард, ки пардохти чунин маблағи зиёд ба туфайли ҷамъоварии хубтари пули истифодаи барқ аз истеъмолгарон муяссар шуд: нисбат ба соли 2018 дар соли 2019 қариб 1,5 млрд сомонӣ зиёдтар маблағ ҷамъоварӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз ин, ширкати “Барқи тоҷик” бузургтарин корхонаи қарздори кишвар боқӣ мемонад.
Ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 январи соли равон 26 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки 21 млрд сомонии он ба лоиҳаҳои сармоягузории амалишуда дар соҳаи электроэнергетика (25 лоиҳа аллакай амалӣ гардида, боз 13-то дар марҳилаи татбиқ қарор доранд) рост меояд.
Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста