“Тавре сарвари давлат супориш дода буд, музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябри соли равон боло бурда мешаванд”, - изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки маблағҳои зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст.
“Ташаббуси сарвари давлат пурра амалӣ хоҳад шуд”, - илова кард вазири молия.
Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон дастур дод, ки аз 1-уми сентябр музди меҳнати кормандони буҷет, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% зиёд карда шаванд.
Пешниҳод шуд, ки маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳаҷми – 10%, дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо – 15% боло бурда шаванд.
Ба ҷуз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони то синни 18-сола, гурӯҳи шахсони маъюби бекор ва ба нигоҳубин ниёздошта ба андозаи 50% дар назар аст.
Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон – 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ – 1357 сомонӣ (140 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста