Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбари ширкати итолиёвии «Salini Impregilo» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

Тавре котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории ҷонибҳо дар сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили сатҳу сифати корҳои сохтмон дар иншоот табодули назар карда, таъмини иҷрои саривақтии корҳои лоиҳавиро дар иншоот таъкид доштанд.

Ширкати итолиёвии «Salini Impregilo» ба корҳои бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири моҳи октябри соли 2016 шурӯъ кард.

Ба ҷуз ин ширкати итолиёвӣ, дар сохтмони иншоот беш аз 70 ширкати паймонкорони фаръӣ аз Эрону Русия, Чину Олмон ва дигар кишварҳо кор мекунанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” айни замон 27 млрд 760 млн сомониро ташкил медиҳад: 97,1% саҳмияҳо (ба маблағи беш аз 26,9 млрд сомонӣ) ба давлат ва 2,9% (ба маблағи 799,9 млн. сомонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.