Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ грант ба маблағи 134 млн долларро барои татбиқи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” тасдиқ кард.
Тавре дафтари матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад, лоиҳа ба беҳбуди қобилияти фаъолият ва истеҳсолнокӣ, ҳамчунин мусоидат ба идоракунии нисбатан муассири ширкати “Барқи тоҷик” равона шудааст.
Ширкат аксари нерӯгоҳҳои барқиро дар ихтиёр дошта, онҳоро идора мекунад. Ҳамчунин ба пешниҳоди хизматрасониҳо дар интиқол ва тақсимоти барқ ба тақрибан 9 млн аҳолии Тоҷикистон бо фарогирии сокинони ҳамаи минтақаҳо, ба ҷуз ВМКБ масъул аст.
Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки “Барқи тоҷик” ба як қатор мушкилоти молиявӣ ва амалиётӣ дучор шудааст.
“Тарифи мувозин ба барқи пасттар аз ҷуброни хароҷот, сатҳи ноустувор ва афзояндаи қарз, сатҳи пасти ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда барои истифодаи барқ, норасоиҳо дар истифода ва таҷрибаи ғайриоқилона дар идоракунӣ ба он оварда расониданд, ки ширкат ба мушкилоти молиявӣ гирифтор аст”, - қайд мекунанд онҳо.
Тадбирҳое, ки дар доираи лоиҳаи “Солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ” маблағгузорӣ мешаванд, аз барқарор кардан ва таҷдиди зерсохтори таъминот бо барқ, беҳбуди ҷамъоварии маблағ аз рӯйи ҳисобҳои гузошташуда, расидан ба тарифҳои сатҳи ҷуброни хароҷот, коҳиши талафоти барқ, танзими қарз ва пардохти саривақтии он, ҳамгироии тарзҳои оқилонаи идоракунии умумӣ ва шаффофият дар ҳошияи фаъолияти амалиётию молиявии ширкат иборатанд.
Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс интизор дорад, ки “лоиҳаи солимгардонии молиявии “Барқи тоҷик” ба қобилияти ин корхона дар пешниҳоди хизматрасониҳои хушсифат ба аҳолӣ, ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва истифодаи комили имконоти содироти нерӯи барқ дар минтақа таъсири назаррас мегузорад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста