Рӯзи 3 март зимни вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мушовири президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Паскал Лоро ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар масъалаи имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
“Ҷонибҳо атрофи масоили омодасозии мутахассисони соҳибмалака дар самти низоми бонкӣ, рушди ҳисобҳои муросилотӣ (корреспондентӣ) миёни бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистону Фаронса, ифтитоҳи намояндагии бонкҳои тиҷоратии Фаронса дар Тоҷикистон табодули назар карданд”, - хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ.
Дар низоми бонкии Тоҷикистон айни замон филилаи бонки эронии “Тиҷорат”, бонки фаръии Бонки миллии Покистон, ҳамчунин бонки фаръии Бонки халқии Қазоқистон - “Халиқ Бонк Тоҷикистон” фаъолият доранд.
Ғайр аз ин, сармоягузориҳои хориҷӣ ва байнулмилалӣ дар сармояҳои Аввалин бонки молиявии хурд, “Кафолатбонк” (Эрон) ва бонки “Арванд” вуҷуд доранд.
Сармутахассиси Раёсати таҳлили бонкии департаменти нозироти бонкии БМТ Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов чанд рӯз қабл дар ҷараёни кори мизи гирд дар Душанбе изҳор дошт, ки низоми бонкии Тоҷикистон барои ҳама гуна сармоягузориҳои нав боз аст, “танҳо муҳимаш он аст, ки ин сармоягузориҳо устувор бошанд”.
“Дар ҳоле, ки сармояи ҳатмии оинномавӣ аз 80 млн сомонӣ то ба 50 млн сомонӣ кам карда шуд”, - иброз дошт ӯ.
Абдулваҳҳобов қайд кард, ки раҳбарияти БМТ тез-тез бо сармоягузорони хориҷӣ вохӯриҳо гузаронида, “дар ин кор як манфиатдории муайян зоҳир мешавад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста