Дар Душанбе мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи хоси вазири Аврупо ва мушовири махсуси президенти Фаронса оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Поскал Лоро доир гардид.
Тавре ба “Азия-Плюс”аз котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Азим Иброҳим таваҷҷуҳи ҳамсуҳбатонашро ба имконоти сармоягузорӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ ва соҳаи саноати сабук дар Тоҷикистон ҷалб кард.
“Даҳҳо ширкати фаронсавӣ, ки дар бозори Тоҷикистон фаъолият доранд, ба таври пурра имконоти мавҷудаи иқтисодии дуҷонибаро фаро гирифта наметавонанд”, - таъкид дошт Азим Иброҳим.
Мушовири президенти Фаронса аз ҷониби Тоҷикистон дархост кард, ки лоиҳаҳои ояндадор дар иқтисоди кишвар барои таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши дақиқ ба онҳо пешниҳод шаванд.
Ҷониби Фаронса ҳамчунин ба роҳандозии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои истеҳсоли маснуоти нассоҷӣ ва пойафзолдӯзӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ (пӯсту чарм) таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста