Тӯли 2 моҳи соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 55,5 млн доллар зиёда аз 89 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн 16,5% ва арзиш - 10,8% зиёдтар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, воридоти орд дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар ҳаҷми беш аз 14,6 ҳазор тонна ба маблағи зиёда аз 3,5 млн доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн 25,5% ва арзиш - 28,5% бештар мебошад.
Моҳҳои январ-феврал ба Тоҷикистон ба маблағи 21,5 млн доллар 95 ҳазор тонна гандум оварда шудааст, ки 52,1% аз рӯйи вазн ва 42,2% аз рӯйи арзиш нисбат ба соли гузашта камтар аст.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ тамоили коҳиши воридоти орд ва афзоиши воридоти гандум ба назар мерасид, ки минбаъд дар корхонаву коргоҳҳои ордбарории ватанӣ коркард мешуданд.
Орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ва маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид карда мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омор, дар муқоиса бо соли гузашта моҳи феврали соли 2020 нархи орди гандум дар ҷумҳурӣ 12,3% афзудааст.
Моҳи гузашта арзиши бензин ба андозаи 0,5% поин рафтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста