Тӯли се моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,8 млн доллар ба хориҷи кишвар неруи барқ содирот кард.
Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, ҳиссаи интиқоли барқ ба хориҷа 3,3% аз ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар ин давраро ташкил додааст. Барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Дар ҳамин ҳол, сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ аз аввали моҳи апрел шикоят доранд. Қатъи интиқоли барқ давоми рӯз – аз соати 8 то 17 ва сипас аз нимаи шаб то субҳ сурат мегирад.
Дар шабакаҳои барқи маҳаллӣ инро ба баргузории корҳои таъмир дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории иншооти зерсохтор дар мавсими зимистон ва камбуди об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда нисбат медиҳанд.
Ғайр аз ин, барфи рӯзи 9 апрел низ ба хатҳои интиқоли барқ ва трансформаторҳо дар чанде аз минтақаҳо осеб расонида, ташвиши барқчиёнро зиёд кард. Сокинони баъзе деҳоти дурдасти кӯҳистон пас аз 9 апрел пурра аз гирифтани барқ маҳрум шуданд.
Тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқношуда, обанбори неругоҳи асосии истеҳсоли барқи кишвар – Норак аллакай аз охири моҳи март инҷониб дар натиҷаи сарфакорона истифода набурдани захираҳои он дар давраи зимистон қариб холӣ аст. Манбаъ қайд кард, ки НБО Норак, ки қариб 70%-и истеҳсоли нерӯи барқи кишвар ба он рост меояд, айни замон танҳо бо оби маҷрои дарёи Вахш кор карда, дар ин давраи сол маҷрои об барои кори пурраи агрегатҳои неругоҳ нокофӣ аст.
То ин дам фаъолият доштани Марказҳои барқу гармидиҳии пойтахтро, ки маъмулан охири моҳи март корашонро қатъ мекарданд, маҳз ба ҳамин омил нисбат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки тайи ду соли охир таъмини пойтахт бо барқ асосан аз ҳисоби барқи истеҳсолшуда дар ин марказҳо амалӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста