Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ба андозаи 16,9% афзуд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2020 дар кишвар ба маблағи наздики 6,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
Чунин афзоиши назаррас аз ҳисоби зиёдшавии истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин истеҳсолу тақсими барқу газ ва гармӣ таъмин шудааст.
Дар саноати истихроҷ беш аз 90%-ро маъданҳои металлӣ, 4,3-ро ангишт, 1,3%-ро нафту гази табиӣ ва 3,8%-ро канданиҳои фоиданок ташкил медиҳанд.
Дар саноати коркард ҳудуди 32% ба истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ бо шумули нӯшокиҳо ва зиёда аз 31% ба истеҳсоли метал ва маснуот аз он рост меояд.
Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли барқ дар кишвар наздики 5,2 млрд кВт-соат ва истеҳсоли гармӣ – 477 ҳазор гигакалорийро ташкил додааст.
Ба ин тариқ, ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 19,8% дар ҳамин давраи соли гузашта то ба 20,4% афзудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста