Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 30-юми июн тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ҷонибдорӣ карданд.
Тағйирот бо назардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, ҳамзамон афзудани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд ворид карда шуданд.
Ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба 23,6 млрд сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷот 26 млрд сомонӣ, касри буҷет ба 3,1 млрд сомонӣ ё 3,7 фоизи ММД баробар мешавад.
Қисмати даромади буҷети давлатии соли 2020 аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ 2 млрд 349 млн сомонӣ кам мешавад.
Дар қисмати хароҷоти буҷет низ тағйирот сурат пазируфта, он ба маблағи 1 млрд 822 млн сомонӣ коҳиш меёбад. Камшавӣ ба бахши иҷтимоӣ, музди меҳнат, нафақа ва кумакпулиҳо дахл надорад.
Ҳамчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби гранту қарзҳо дар ҳаҷми 977 млн сомонӣ ва аз ҳисоби захираҳои махсуси молиявии муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 81 млн сомонӣ коҳиш меёбад.
Мувофиқи тағйироти нав, барои пардохти маоши иловагӣ ба кормандони соҳаи тиб, ки бо коронавирус мубориза мебаранд, инчунин сохтмони НБО Роғун 1,9 млрд сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ҳанӯз моҳи май Вазорати молияи кишвар хабар дода буд, ки дар давоми 4 моҳ ба буҷети давлатӣ наздики 60 млн доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд.
Сабаби ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷетро дар Вазорати молия ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии чанде аз андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва аксизҳо нисбат доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста