Нимсолаи аввал дар Душанбе 29 корхонаву ташкилот, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба иқтисоди шаҳри Душанбе 54,9 млн долларро ташкил додааст.
“Имрӯз дар пойтахт 29 корхонаву ташкилот, ки бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шудааст, - хабар дод Зувайдзода. - Аз ин шумор 16 корхона аз ҳисоби сармоягузории мустақим ба маблағи 25,6 млн доллар ва 13 корхона аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 29,3 млн доллар кор мекунанд”.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон дар Душанбе 11 лоиҳаи давлатӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз оғози амалисозии онҳо 434 млн доллар ва дар давраи ҳисоботӣ - 15,6 млн доллар маблағҳо азхуд шудааст.
Давоми 6 моҳи соли равон ҳаҷми савдои хориҷӣ дар пойтахт 216,7 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 9% зиёдтар мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста